Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти Фестивали “Сад ранги чакан”

03 майи 2021, душанбе


         Даври ҷамъбастии Фестивали “Сад ранги чакан” бо иштироки намояндагони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.  
         Ҳадафи баргузории фестивал ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик  равона гардида, ба эҳёи анъанаҳои аз байнрафтаи миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ мусоидат намуд.

 

 

Поделиться в