Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории хониши идоравӣ

16 октябри 2019, чоршанбе

                                   

Бо мақсади таъмини иҷрои сархати шашуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2016, №8, дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2018, №36/10-98 ҷиҳати тақвият бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ тибқи Нақшаи намунавии машғулиятҳои идоравӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соли 2019 ва Нақшаи намунавии машғулиятҳои дохилиидоравӣ барои хизматчиёни давлатии кумита, ки аз ҷониби Раиси кумита тасдиқ гардидааст, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11.10.2019 хониши идоравиро барои кормандони кумита доир ба мавзӯъҳои “Ҳуҷҷатнигорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо”, “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020”, “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” баргузор намуд.

Поделиться в