Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикона мепӯшем

04 майи 2021, сешанбе

         Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро бо иштироки муовини Раиси ВМКБ Назира Амирбекзода доир намуд.
        Назира Амирбекзода зимни вохӯрӣ бо занону бонувони ноҳияи Ванҷ дар баробари арҷгузорӣ ба либосу фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз хусуси пешгири бегонапарастӣ, пойдории оила, таҳлили сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳо, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва зуроварӣ дар оила, терроризму экстремизм сухан намуд.

Поделиться в