Аёдати модарони шаҳидон
Таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода як гурӯҳ занони фаъол наздикону пайвандони шаҳидони даргириҳои марзӣ, ки санаи 29.04.2021 ба вуқӯъ пайваста буд, аёдат намуда, изҳори сипос ва тасаллияти Раиси шаҳрро расонданд.
Ташрифи гурӯҳи бонувон ба хонаҳои ҷавонмардони қаҳрамон: Ваҳобов Собир, Қаландаров Манучеҳр, Эшонов Далер, Ниёзов Ҳакимбой, Шаропов Ҳасанбой, Махкамов Ҳикматулло, Ҳошимзода Иброҳим, Набиев Суннатулло, Маҳмудов Бахтовар ва Меҳрӯзиддин Болтаев ба ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркуҳ ва Ворух ва анҷом додани суҳбатҳои таскинбахш бо модарон, ҳамсарон ва фарзандони шаҳидони роҳи озодӣ ба ин хонадонҳои мотамзада равзанаи умед ба ояндаи нек кушод.