НИДОИ МОДАРОН
Модарону бонувони сарбаланду саодатёри Тоҷикистони ҷоноҷон бар бари Пешвои хирадманду муҳофизи Ватан сина сипар намуда, бар зидди ҳама гуна вабову омилҳои аср муборизаи беамон мебаранд. Ҳар он нафаре, ки имрӯз дар марзу буми Тоҷикистон қарзи фарзанди адо намуда истодааст, фарзанди модару бародари хоҳаре ҳаст, ки пайваста дар хаккаш дуои хайр, дуои ватандӯсту ватанпарвар буданаш медиҳанд. Модари тоҷик имрӯз аз нофаҳмиҳо ва бесарусомониҳои шаҳри Исфара дар ташвиш аст ва намехоҳаду намегузорад, ки боз оташи каҳру ғазаб, кинаву адоват, хунрезии ноҳақ, куштору ғоратгарӣ ва оташи дуди ғализи ҷанг авзои ороми ҷомеаро ҳалалдор созаду модареро бе фарзанд, хоҳареро бе бародар, фарзандеро бе падар дар чорсӯи зиндагӣ моту хайрон намояд. Шукрона аз он бояд кард, ки фазои тинчу ором, сулҳу субот дорем, ки бо ҷонбозиҳову далериҳои рустамонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории давлату миллат ва шинохти чеҳраи сиёсию фарҳангии ин миллати сарбаафлок ба даст омад. Шукрона бояд кард, ки модари ватанпарвари тоҷик ба халку миллат фарзандеро хадя намуданд, ки шабу рӯз дар хизмати халқу ватани хеш карор дорад. Фарзанде, ки ҷон ба каф гирифта, аз давлатҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо гуфтушунидҳои бекарон охирин гурезаҳоро ба ватан бозгардонд ва оташи ҷанги тахмилии бародаркушро хомуш сохт. Имрӯз, ки бо ғояхои ифротонаи гурӯҳи манфиатдор дар масъалаи тақсимоти марзи миёни Тоҷикистону Кирғизистон нооромиҳо сар зада, авзо ва симои нуронии модарони ду тарафро хираву бекарор намуда истодааст, аз фарзандон даъват ба амал меорем, ки ба иғво дода нашуда, бо роҳи сулҳ, аҳд ва зиракии сиёсии ватанпарварона сиёсати сулҳқуёнаи Пешвои мардуми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоянд. Тоҷикистону Кирғизистон ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ҳамкориҳои судманд ба хотири рушди иқтисоди миллӣ доранд. Ва набояд, ки ин ҳамкорихою ин муносибатҳои дӯстонаю бародарона, ин сулҳу ороми ва суботи чомеа бо фитнаву найрангҳои чоҳилону хоинон канда гардида, миёни ду миллати ба ҳам тифок парокандагӣ ба миён ояд. Модарон ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, иттиҳоду иттифоқ буданд, ҳастанд ва мемонанд. Бо як овоз мегӯем: Зинда бод сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, иттиҳод ва якдилӣ.