Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ғалаба муборак

06 майи 2021, панҷшанбе


             Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи таҷлили ҷашнвораҳои сиёсиву фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ифтихори бузургдошти Рӯзи ғалаба бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод оилаи собиқадори ҷангу меҳнат аз ҷамоати деҳоти Балхобӣ Эгам Раҳмоновро аёдат намуда, аз корнамоиҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуданд.

 

Поделиться в