Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иди Зафар муборак!

07 майи 2021, ҷумъа


          Дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-45 ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Кумита бо сухани шодбошӣ баромад намуда, аз корнамоиҳои падарону бобоёни мо дар роҳи расидан ба ғалаба ва сулҳу субот ёдоварӣ намуд.
         Толибилмоне, ки дар васфи ватан иншои беҳтарин иншо намуданд, бо Сипоснома қадрдонӣ  карда шуданд.

 

Поделиться в