Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти курси “Мактаби сарварони ҷавон”

08 майи 2021, шанбе

       
       Курси омӯзишии “Мактаби сарварони ҷавон”, ки тайи 6 моҳ идома дошт, ба кори худ ҳусни анҷом бахшид. Дар ҷамъбасти курси мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, донишҷӯдухтаронро бо хатми бомуваффақияти курси омӯзишӣ табрик намуда, бо Гувоҳнома сарфароз намуданд.
         Бояд тазаккур дод, ки курси омӯзишии “Мактаби сарварони ҷавон” ҳамасола бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

Поделиться в