Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Изҳори тасаллияти занону модарони тоҷик ба модарони афғон нисбати фоҷеаи маргбор

10 майи 2021, душанбе


         Боз як даҳшати ҷонсӯзу дилхарош, амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи иғвогар, ки фазои орому осударо халалдор намуд, хотири модарони тоҷикро мушавваш гардонид. Хабари тарконидани мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Афғонистон ва марги донишандӯзони он, ки 55 нафар духтарони ташнаи илму маърифат буданд, модарони тоҷикро беқарор гардонид. Бо охи ҷонсӯз имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Бехабар аз дунёи фонии иғвогароёна машғули илм ба хотири созмон додани ояндаи дурахшони худ. Вале ҳайҳот, носипосони даҳр, хоинони давлату миллат нақшаҳои мусаллаҳонаи худро амалӣ намуда, ҳаёти осоиштаи оилаҳоро халалдор намуданд. Модарони тоҷик ин амали ноҷавонмардонаю беадолатонаи гурӯҳҳои террористӣ, саркардагони ин фоҷеаи даҳшатборро сахт маҳкум намуда, ҳамдардӣ ва изҳори тасаллияти худро ба модарони ғамзадаи афғон изҳор медоранд. Руҳи рафтагон шоду манзили охираташон обод бошад. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин фоҷеа на фақат фоҷеаи модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст.

Поделиться в