Муроҷиатномаи иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии “Оила - саодати зиндагист” бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии оила
Муроҷиатномаи иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии “Оила - саодати зиндагист” бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии оила
Иштирокдорони конференсия дар шахсияти роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳо, сохторҳои давлатию қудратӣ, устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти кори конференсия ба хотири дастгирии маънавии оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, А.Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон, ки бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ хароб ва талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст, тассалият ва изҳори ҳамдардӣ баён намуданд. Зикр доштанд, ки дар баробари тадбирҳои андешидашудаи давлату Ҳукумат бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми сохторҳои давлатӣ омодаанд, ки кӯмаки хешро ба оилаҳои осебдида расонда, онҳоро ба ҳаёти муқаррарӣ раҳнамоӣ кунанд.