Оила-асоси хушбахтии ҷамеа
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адилияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии оила дар Маҷмуаи фароғатӣ-истироҳатии “Шаршар”-и шаҳри Ҳисор чорабинии идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳо ширкат варзида, ба 12-ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, 22-нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ба оилаҳои намунавии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.