Бузургдошти Рӯзи оила муборак!
Дар ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас дошта, дар ҳаёти инсонияту ҷамъият саҳми муҳим дорад ва ба одам эҳсосоти пурраи ҳаётӣ мебахшад, ки бе он бахту саодати ҳақиқии инсон имконнопазир аст.
Ҳаёти инсон чунин сохта шудааст, ки одамон бо чӣ касбе машғул набошанд, аъзои кадомин сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ набошанд, сараввал узви оилаанд ва зимни адои вазифа ва масъулият дар зиндагии оилавӣ, аз қабили таваллуд ва тарбияи фарзанд, таъмини некӯаҳволии аъзои оила, риояи суннатҳои милливу маҳаллӣ, ҳамзамон, вазифаю масъулиятҳоеро бояд дар назди ҷамъият ва давлати миллӣ ба иҷро расонад. Аз ин ҷост, ки оила нахустниҳодест, ки ташаккули инсон дар муҳити он аз татбиқи тамоми барномаҳои муҳими ҳаётӣ оғоз мегардад,қонунест, ки инсон дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад, маҳсули тамаддун буда, ба ҳаёти ҷомеа ба воситаи таваллуду тарбияи кӯдакон, таъмини хонавода, такомули ҷисмонӣ, равонию ахлоқӣ ва маънавии аъзои оила таъсир мерасонад. Яъне ҳар инсон дар муҳити оила анъанаҳои табиии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, ба воситаи оила бо ҷомеа мепайвандад ва шахсияти бархурдор аз одобу фарҳанги миллиро касб мекунад. Пас, муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, ин бунёди оила аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ ноябри соли 1992 дар баробари иҷрои вазифаҳои душвори рафъ намудани оқибатҳои фоҷиабори муқовиматҳои шаҳрвандӣ ва бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба таҳким ва танзими оила тадбирҳои судманд андешида, дар феҳристи чунин тадбирҳо бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон консепсияи танзими оила қабул гардид, ки ин консепсия барои боз ҳам солим гардонидани ахлоқу маънавиёт, барои ҳалли маҷмӯи масъалаҳои муҳими зиндагӣ нигаронида шудааст. Моҳияти консепсияи танзими оиларо назарияи муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқиву маънавӣ ташкил дода, пеш аз ҳама ба низом даровардани муҳимтарин ва муқаддамтарин рукни ҷомеа-оиларо пешниҳод менамояд, ки ҳолату сифат ва сохти ӯ ҳолат, сифат ва сохти ҷомеаву давлатро муайян намуда, аз ҳар шаҳрванд муносибати бошууронаро тақозо менамояд.
Иморати мӯҳташам рӯи пояи мустаҳкам бунёд мегардад, оилаи солим ва ҷомеаи солим аз одамони солим бино мешавад. Вале инсонро вақте метавон солим парварид, ки вай ҳам аз ғизои табиӣ ва ҳам аз ғизои ахлоқиву маънавӣ баҳраманд бошад.
Инсон мавҷуди осебпазир аст ва ҳеҷ кас аз афтодан ба қайди беморӣ, ҳодисаҳои нохуш ва айёми пирӣ дар амон нест. Одам баъди ба дунё омадан ҳамеша таҳти таъсири омилҳои гуногун қарор мегирад, ки омили муассиртарин ин шароити муҳит аст. Дар баробари ин, вазифаи табиӣ ва иҷтимоии инсон ба дунё овардани насл аст ва аз нуқтаи назари иҷтимоӣ насли инсон марбут фақат ба падару модар ва оила нест, вай ҳамчунин узви ҷомеа ва давомдиҳандаи анъанаҳо ва расму одати устуворшудаи ҷамъиятӣ аст. Аз ин рӯ, тарбият кардани фарзанд ҳамчун шаҳрванд, шахсияти фаъол ва инсони пешрафта қабл аз ҳама вазифаи волидайн ва ҷомеа дар симои давлат аст. Вале бунгоҳи инсони бомаърифату бархурдор аз одобу ахлоқи ҳамида, ки хишти шахсият шуданашро дар он мепазанд, оила аст. Аз ин ҷост, ки файласуфону ҷомеашиносон оиларо ҷузъи таркибӣ ва ибтидоии давлат ном бурдаанд.
Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки солимии оила пеш аз ҳама ба эҳтироми тарафайни зану шавҳар вобаста аст. Зану шавҳари ба якдигар меҳрубон, ки тамоми масъалаҳои рӯзгори оиларо дар машварату маслиҳат ва дар ҳамдигарфаҳмию ҳусни эътимод ҳаллу фасл менамоянд, бо рафтори ҳамида намунаи ибрати фарзандон мегарданд. Ҳамчуноне, ки нақши мард ҳамчун сарвар, падар дар таъмини маишиёти оила, тарбияи маънавии фарзандон бузург аст, мавқеи зан ҳамчун ҳамсар, модар барои солим нигоҳ дошани оила ва муҳити созгори тарбиявию ахлоқӣ басо муҳим мебошад, ки ин аз кафолати давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо далолат медиҳад.
Халқи ботадбири тоҷик моҳияти аслии баробарии зану мардро дарк намуда, ин баробариро на дар бекор кардани афзалияти шавҳар дар идораи умури оила, на дар сарварӣ дар хонадон, балки дар бархурдорӣ аз озодиҳои иҷтимоӣ, яъне касби саводу дониш, меҳнат дар истеҳсолот ва ғайра дарёфт карда, дар оила зери сарварии мард ва бо гармии муҳаббати зан зиндагӣ ба сар мебаранд. Бо он, ки сарвару кадхудои оила мард аст, мақоми зан дар хонадон ҳамчун меҳвари зиндагии оила басе бузург аст.
Имрӯзҳо, ки давлати мо бар марҳилаи тозаи пешрафту тараққӣ расидааст, моро лозим аст, ки беш аз ҳарвақта барои таҳкими волотарин арзишҳои инсониву ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату якдигарфаҳмӣ, гиромидошти оила ва волидайну фарзандон фаъолият намоем, зеро оила аҳду пайванди муборак аст.
Бо ҳамин ниятҳои нек кулли хонаводаҳои тоҷикро бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфта, рӯзгори босаодату пурфайз ва сарсабзии хонадонро таманно менамоем.