Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи Хонаи аҳду вафо

17 майи 2021, душанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти кулли модарону бонувони сарбаланди тоҷик барои таваҷҷӯҳу ғамхориҳо, дастгириҳои пайвастаи оилаҳои ниёзманди тоҷик ва мавриди истифода қарор гирифтани Хонаи ақди никоҳи «Қасри бахт» дар шаҳри Душанбе ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён менамояд.

         Ин туҳфаи арзишманд дар сархати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти Рӯзи байналмилалии оила ба сокинони кишвар тақдим гардида, ба нафароне, ки ба зиндагии мустақил қадамҳои аввалини худро мегузоранд, фазои хотирмон ва ҷойи муқаддас хоҳад гардид.

Тадбири навбатӣ бозгӯи кӯшишҳо ва зери ҳимояи давлату Ҳукумати мамлакат, хосатан мавриди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштани оила ва оиладорӣ буда, нақш ва мавқеи устувори оиларо дар рушди ҷомеа муайян менамояд.

Поделиться в