Вохӯрии се насл
Дар доираи таҷлили ҷашнвораи бошукӯҳи 30-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-тарбиявӣ ба хотири бузургдошти Рӯзи байналмилалии оила бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон идома дошта, бо иштироки оилаҳои намунавие, ки 50, 30 соли ҳаёти пурбаракат бурда истодаанд, ҳамзамон, оилаҳои ҷавон -дастпарварони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят " -и назди Кумитаи кор бо занон ва оила маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят "-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки баргузории вохӯрии се насл ба оилаҳои ҷавон ва навхонадорон ҷиҳати ташкили оилаи солим ва танзими муносибатҳои оилавӣ ба манфиати оила ва ҷомеа аст.
Ба оилаҳои барӯманду намунавӣ ва оилаҳои ҷавон аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ќурбонзода Ҳ.Ҷ. туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.