Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сӯҳбату вохӯриҳо бо ҷомеа

21 октябри 2019, душанбе
 
Ҷиҳати иҷрои банди 4.4-и "Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои занони роҳбар дар "Мактаби сарварӣ" дар сатҳи маҳал семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, тибқи нақшаҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оила дар асоси татбиқи қонун дар бораи "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" дар байни сокинони шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Деваштиҷ, Кӯҳистони Мастчоҳ сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карда шуданд.
 

Поделиться в