Вохӯри оид ба баргузории Форуми сеюми занони СҲШ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2021, №29/10-89 ҷиҳати омодагӣ ва баргузории Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кориро дар шакли маҷозӣ бо иштироки коршиносони котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ баргузор намуд.
Мавриди зикр аст, ки Форуми сеюми занони СҲШ 10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.