Фархундаҷашн муборак!
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба кулли ҷавонони саодатёру хушиқболи кишвар муборак бод!
Тантанаи ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи муҳими сиёсии мамлакат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва ин фоли нек аз толеи баланди ҷавонони сарбаланди тоҷик дар масири таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи бузурги насли ҷомеасоз шаҳодат медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳак нигоштаанд, ки: «Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон мебошад».
Аз ин рӯ, насли фаррухсиришту ояндасози ватан, ворисони ҳақиқии Оли Сомон, идомадиҳандагони кору пайкори бузургон ва пешбарандагони сиёсати наҷибонаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи пойдору бегазанд нигоҳ доштани фазои солиму ороми ҷомеаро зарур аст, ки ҷавобан ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои беназири Сарвари воломақом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши беше намуда, созандаву бунёдкор, илмпарвару муаррифгари фарҳангу маданияти баланди ориёӣ дар ҷомеаи мутағайири давр бошанд.
Мо, модарон имрӯз аз он мефахрему меболем, ки фарзандон-ҷавонони мо, парчамбардорони меҳани хеш дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо зӯру тавони рустамонаю ақлу хирад ва донишу заковати худ баланд бардоштаанд. Аминем, ки бо кӯшишу фаъолияти пурсамари Шумо, ки ҷасурию далерӣ, поктинатию ватанпарвариро дар тинати ҷавонон мепарваред, сафи чунин фарзандони паҳлавону донишманд боз ҳам зиёд мешавад.
Ҳар яки Шумо - ҷавонон модар, хоҳар, ҳамсар доред ва намегузоред, ки нохалафе ё гуруҳи иғвоангезе осоиштагии онҳоро халалдор созаду боз тифлаке ятим ва миллат парешон шавад.
Сулҳу салоҳ, ваҳдати комилу истиклолияти беназир ва амнияти кишварро китф ба китф истода, зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намуда, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар сина сипар мекунед.
Бори дигар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро бо меҳромезтарин таманниёт бароятон шодбош мегӯем. Бигузор, офтоби бахту саодат дар партави нурпошиҳову созандагиҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар сари ҳар фарди ҷомеа дурахшон бошад!
Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон