Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарра

26 майи 2021, чоршанбе

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти аъзоёни гуруҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо сокинон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили созовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ифтитоҳ гардид.
Таъкид гардид, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст.
Дар кори мулоқоти мазкур аъзои гуруҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ аз ҷумла муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Қодиров, сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Шеров ва сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Самариддин Асоев иштирок намуда, оид ба масъалаҳои болозикр ибрози назар намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз, ки мо дар бораи сулҳу оромӣ, амният, сабру таҳаммул, муколама ва муҳовараи дину тамаддунҳои олам сухан меронем, бояд иқрор шавем, ки дин яке аз омилҳои муҳими иттиҳод, сулҳу ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии инсонҳо мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари раванди мусбату мӯътадил ва табии ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расониданд. Дарки нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.  Яке аз вазифаҳои ҷонии  мою шумоён тарбия намудани фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои хуби тоҷикон  мебошад.
Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ низ, бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои бо дастовардаҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Поделиться в