Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Конференсияи илмӣ- амалӣ

01 июни 2021, сешанбе

 Санаи 28 майи соли равон дар  доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  «Зан — сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид. 

Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

         Конференсияро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик  Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳадафи баргузории конфронсро барраси намуда, масъалаҳои марбут ба ҳолат, ҷойгоҳ ва нақши кунунӣ, дараҷаи иштироки гуногуни занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсии давлат ва ҷомеа маънидод намуд. Дар рафти чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. вобаста ба масъала суханронӣ намуд.

       Ҳамзамон, Конференсия тариқи маҷозӣ низ сурат гирифта, дар он намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ Михаил Швидкой ва дигар олимону коршиносон аз Озорбойҷон, Украина, Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок  ва  суханронӣ намуданд.

Поделиться в