Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Кӯдакон – ояндаи неки имрӯзу фардои миллатанд!

01 июни 2021, сешанбе

Бахшида  ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдакони 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ маърифатӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина иштирок дошта, ҳамаи кӯдакон, кормандону мураббиёни ин боргоҳи муқаддасро табрику таҳният намуд. Дар суханронии худ қайд карданд, ки Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассиса тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.

 

Поделиться в