Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Панҷгоникҳо рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол гирифтанд

02 июни 2021, чоршанбе
Рӯзи 1 июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба модару падари панҷгоникҳо - Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаи навро тақдим намуданд.
Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва бо дастгирии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳозонида шудааст.
Модари панҷгоникҳо Маҳмадова Дилноза ва дигар аъзои хонавода барои кумаку дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуданд.
 
 

Поделиться в