БОЗДИД АЗ ЧОЙҲОИ ТАЪРИХӢ
Ҳайати расмии намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ аз қабили Узбекистону Қирғизистон, ки санаи 10-уми июни соли 2021 дар Форуми сеюми занони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ширкат доштанд, субҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз Қалъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд.