Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Имкониятҳо барои соҳибкории занон

15 июни 2021, сешанбе

 

Бо ташаббуси  Ҷумхурии Узбекистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Васеъгардонии вазъи иқтисодии занон барои рушди устувор дар  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афгонистон” бо иштироки роҳбарзанон ва бонувони соҳибкори Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.

         Ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо маърузаи таҳлилӣ оид ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкории занону бонувони тоҷик муаррифӣ намуд.

         Форуми мазкур дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорзанони ҷумҳурӣ доир гардида, масоили тақвияти ҳамкориҳои густурдаи тарафҳо ва имкониятҳо, дурнамоҳои минбаъдаи рушди фаъолияти соҳибкории занону бонувони кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Поделиться в