Занони сиёсатмадори созанда
Ба ифтихори Рўзи байналмилалии занони сулҳовар махфили сиёсӣ-тарбиявӣ бо иштироки занони сиёсатмадор доир гардид.
Дар партави сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қатъномаҳои 1325 ва 2122-и Шўрои СММ соли 2016 дар назди Кумита Шўрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳова таъсис дода шуда, дар кори созандагиву бунёдкорӣ таълиму тарбияи насли наврас бо љавонону наврасони маҳаллаҳои аҳолинишин, донишҷўёни макотиби олии кишвар суҳбату вохўриҳо ва мулоқотҳои судманд доир менамояд.
Шўро ҷиҳати арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги забондонию забономўзӣ, либоси миллӣ, пешгирии тарғиби фарҳанги бегона аз ҷониби занону бонувон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ дар гуруҳҳои кории Кумита ҳамчун аъзои фаъол ширкат меварзад.
Чунин Шўро дар назди мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо низ таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ менамоянд.