Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи корӣ бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб

18 июни 2021, ҷумъа

Дар асоси нақша ҷорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ бо раисони шурои занони маҳаллаҳо доир ба фаъолият дар самти татбики Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон, "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхои миллӣ, "Дар бораи пешгирии зуровари дар оила " ҷихати баланд бардоштани арзишҳои оиладорӣ, хамчунин пешгирии ҷиноятсодиркуни байни занон, бархам додани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълими ғайрирасмии динӣ , пешгирии бемории COVID ва дигар ҳолатхои номатлуб баргузор гардид.Масъулини шуъба натиҷаи фаъолияти раисони шурои занони маҳаллаҳои шаҳрро дар давоми як моҳ ба риштаи таҳлил кашида, нақшаи минбаъдаро тарҳрезӣ намуд ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар самти коҳиш додани масъалаҳои мубрами ҷомеа бо аҳолӣ робитаи зич ва корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ ҳамаруза ба роҳ монанд.

 

 

Поделиться в