Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эълон

21 июни 2021, душанбе

        

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Барои ишғоли мансабҳои зерин ОЗМУН  эълон менамояд:

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумита-1 ҷой;

2.Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумита -1ҷой

                                                             Талабот ба довталабон:

 

- талаботи тахассусӣ барои сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ; 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; донистани забонҳои хориҷӣ; музди меҳнат – 1311 сомонї.

- талаботи тахассусӣ барои сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ- таҳсилоти олии ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; донистани забонҳои хориҷӣ; музди меҳнат – 1311 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

-  2 адад акси 4х6;

- нусхаи диплом;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

- нусхаи шиноснома;

- шарҳи ҳол;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома (справка-объективка);

-маълумотномаи доғи судӣ.

Донистани якчанд забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба инобат гирифта мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи чопи эълон оғоз гардида, рӯзи охирини қабул баъд аз 21  рӯзи чопи эълон мебошад.

Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ, 14  ( 3772 –  227-24-38 e-mail: kumitaizanon@mail.ru

 

 

Поделиться в