Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳавасмандгардонии кадрҳои ҷавон

24 июни 2021, панҷшанбе

 

Дар партави ҳидоятҳои созандаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар арафаи таҷлили бузургдошти ҷашни Ваҳдати миллӣ 20 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсуси шаҳри Душанбе бо стипендияи Кумита дар ҳаҷми 400 сомонӣ (ба ҳар як нафар) мушарраф гардиданд.

 

Поделиться в