Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ-омили пешравии занон

24 июни 2021, панҷшанбе

 

Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки аъзои Шурои занони сулҳовари назди Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсуси шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ- омили пешравии занон” мизи мудаввар доир гардид.

Латофат Насриддинова ва дигар иштирокдорон аз он рӯзҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ ёдоварӣ намуда, аз ҳадафҳои созандаи Ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ сухан намуданд. Аз насли ҷавони имрӯз даъват ба амал оварданд, ки пайравони асили Пешвои муаззами миллат ва содиқ ба Ватану миллати хеш бошанд.

 

Поделиться в