Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ

25 июни 2021, ҷумъа

 

 

 Ваҳдати миллӣ - кафили  ҳастии давлату миллати тоҷик ва шукуфоии Ватан аст. Ҷашни имсолаи мубораку муқаддаси 24-солагии Ваҳдати миллӣ бо шукргузорӣ аз истиқлолияту давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва бо дарки масъулияти баланди ватанхоҳиву ватандорӣ дар масири тантанаҳои бузургдошти 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Бо сарсупурдагии  фарзанди ҷонфидои Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон   даричаи сулҳу сафо, амониву осудагӣ ва оштиву бародарӣ кушода гардида, дар дили занону модарон ва насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд.

Аз маромномаи ваҳдатсолориву ватанхоҳии мардуми шарафманди тоҷик, махсусан занону бонувон дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ бармеояд, ки дар лаҳзаҳои басо тақдирсоз, лаҳзаҳои сӯзони муқовимат бе тарсу ҳарос миёни тарафҳои мухолифин бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷангу ғазабро хомӯш мекарданд. Бо муроҷиатнома, мактуб ва барқияҳои сулҳхоҳонаи худ иштирокчиёни музокиротҳоро ба ҳамдигарфаҳмию муросо даъват менамуданд. Кӯшиши якҷоя баҳри   таҳкими ваҳдати миллӣ, беҳбудии рӯзгор, таъмини саодати наслҳои имрӯзу оянда, ҳиссагузор будан дар сулҳи Тоҷикистони азиз миллатро ба муроди мақсуд расонид.

 Халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён хуб дарк мекунанд, ки танҳо аз баракати Ваҳдати миллӣ ва иродаи мустаҳками миллати куҳанбунёду дорои фарҳангу тамаддуни барҷастаи ҷаҳонӣ Ватани азизамон аз мушкилтарин ихтилофоти дохилӣ наҷот ёфта, давлатдории миллӣ умри абадӣ ёфт.

 Зина ба зина ноил гардидан ба дастовардҳои муҳими миллӣ ва шинохти чеҳраи сиёсии Тоҷикистон самараи Ваҳдату Истиқлолият аст.

 Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ ба яке аз муҳимтарин рукни устуворӣ , якпорчагӣ ва кафили нигаҳдории сулҳу субот ва рушду нумӯи равандҳои демократӣ, рушду пешрафти иқтисодиёти миллии кишварамон табдил ёфтааст.

Ваҳдати миллӣ -  падидаи беназиру беҳамто ва нодири даврони истиқлолият ҳосили хеле хубу бебаҳое ба бор овард, ки муҳимтаринаш суботи сиёсӣ, сулҳу осоиш ва шукуфоии Ватани ҳамеша ҷавону биҳиштосои мо, Тоҷикистони азиз мебошад.

Ин ҷашни муборакро ба тамоми мардуми хушиқболи тоҷик муборакбод гуфта, орзуи онро дорем, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу субот ва ваҳдату истиқлолият ҷовидонӣ бошанд. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бегазанд ва поянда бошад.

Ҷашни Ваҳдати комили Ватан муборак бошад!

 

Поделиться в