Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи кории Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят

01 ноябри 2019, ҷумъа

 

Дар асоси нақшаи кории Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 25 октябри соли 2019 бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи кори баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Раёсати кор бо занон ва оила Хуршедахон Хоҷазода оҷоз намуда, оид ба таъмини иҷрои Қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи занон, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирӣ аз фарҳанги либоси бегона, пешгирии бемориҳои ВНМО дар байни наврасону ҷавонон, муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм, ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, масъалаҳои умдаи ҷомеа, аз қабили пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, зуҳуроти номатлуб, ҷинояткорӣ ва муҳоҷирати занон ба хориҷи кишвар суханронӣ намуд.  

Дар ҷаласа оид ба нишондиҳандаҳои манфии омории шаҳру ноҳияҳо аз мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила пурсиш гузаронида шуда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти онҳо дар самти иҷрои масъалаҳои болозикр ва фаъол намудани гурӯҳи кории доимоамалкунандаи назди шуъба ва бахшҳо даъват ба амал оварда шуд.

Поделиться в