Нақши зан- модар дар таҳкими Ваҳдати миллӣ
Таърихи тамаддуни инсоният хеле зиёд таҳаввулоти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангию иҷтимоиро ёд дорад ва на ҳамеша ба аксари онҳо чун руйдоди сарнавиштсози ин ё он давлату миллат баҳо медиҳад. Аммо вожаи «Ваҳдат» барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз буд, аст ва хоҳад монд. Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофари фарҳангсолориву таҳамулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз Сарвари давлати тоҷикон ваҳдати мардуми кишварро як ҳадафи меҳварии сиёсати хеш қарор додаст ва ин бесабаб нест, зеро дар шароити хеле шадиди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо танҳо ваҳдат метавонад арзишҳои волои миллӣ, сулҳу суббот ва андешаю ҳадафҳои сиёсии миллату давлатро ҳифз намояд. Ин рисолати бузурги ваҳдат тӯли солҳои истиқлолият борҳо исбот шудааст ва дар заминаи фарҳанги сулҳофаринаш таҳкиму густариш ёфтааст. Воқеан ваҳдат беҳтарин неъмату дастоварде буд, ки миллати тоҷик дар замони бархӯрдҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ихтилофҳои шадиди низомӣ ба даст овардааст.
Имрӯз бисёр муаррихон, ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон савол мегузоранд, ки чӣ гуна тавонист дар як давраи сарнавиштсоз, миллат ба ваҳдат ояд. Посухи ин савол аз умқи таърихи тоҷикон ибтидо мегирад, яъне фарҳанги сулҳофаринӣ ҳанӯз аз замони зуҳури нахустин давлати тоҷикон ташаккул ёфта, рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро тӯли асрҳо пуштбонӣ намудааст.
Зан-модар, ин вожаи муқаддас пур аз ҷаҳони маонӣ, маънии ҳастии гетиро дорад. Пеш аз ҳама нақши зан дар тарбияи фарзанд, ахлоқи ҳамидаи он ниҳоят бузург аст. Маҳз модар фарзандро дар рӯҳияи пиндору гуфтору рафтори нек, таҳамулпазирӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия менамояд. Зан олитарин нақши созандаро ба унвони ҳамсар, духтар ва модар дар чархи зиндагӣ ифода менамояд. Ва ҳамин далел аст, ки агар занон дар ҷомеа бо камолу иффат зиндагӣ ихтиёр созанд ва он ҷомеа камоли ахлоқӣ ва инсониро тай мекунад.
Хушбахтона, занони тоҷик ба унвони такягоҳ ва оромишдиҳандаи хонавода накши муҳиме дар пешбурди ҷомеа дар он рӯзҳои гиру дори бесарусомониҳо, масъулияти пуршарафи модарии худро ҳимоят кардаанд ва баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ талошҳо намуданд. Занон, ки хазинаи раҳму сарчашмаи меҳранд аз азал бештар ваҳдатофар, машъалфурӯзи дустӣ ва ҳамбастагӣ мебошанд. Ҳам дар хонадону ҳам дар ҷомеа посибони бошарафи амониву оромӣ маҳз бонувони баиффату дурандеш мебошанд. Байни хамватанон нифоқу носозӣ ба амал ояд, рӯзи сафед дар чашми модарон ба шаби сиёҳ табдил меёбад, чунки ҷони фарзандону манзили орзуҳояш зери хатар мемонад. Дар он солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ модарони дилогоҳву равшанзамири тоҷик барои аз вартаи нестиву парокандагӣ раҳондани давлату миллаташон аз як гиребон сар бароварда, ба хотири барқарор кардани оромиву субот, корвони сулҳро созмон додаанд. Ин нияти хайри дар он рӯзҳои мудҳиш ҷасорату ғайрат мехост. Дар он лаҳзаҳои асос модарон ҷон дар каф, дар шафати мардон ба мавзеъҳои ҷангзадаву доғ рафта, сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумат ва Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ҷонибдорӣ намудаанд. Бо меҳру фазилат ба фарзандони гумроҳ ва ҷудоиандоз фаҳмонданд, ки бақои Ватан ва давлату миллат дар дӯстиву ваҳдат аст. Агар шири модарро пос медоранд, агар хоҳанд, ки модарон дар ду олам аз онҳо ризо бошанд, кинаро аз синаҳо дур бикунанд, ханҷару силоҳ ба замин партоянд, оғӯши меҳру садоқат ба ҳамдигар бикшоянд, дар фазои сулҳу ваҳдат ба раҳми бадхоҳон сарзаминро сарсабзу шод намоянд. Воқеан пойдории Ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи модарони мо, дар руҳияи бузурги меҳандустӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, инчунин омӯзиши таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон вобаста аст.
Ваҳдат аслан ғояи бунёдии тамаддуни тоҷикон аст. Чунон ки Мавлоно Румӣ мегуяд: «Мо барои васл кардан омадем», ин танҳо як сухан нест ва онро на ба хотири ҳусни сухана гуфтааст, балки як маънии баҳамоиву созандаеро ифода мекунад. Ҳар гоҳ ки сухан дар бораи зан ва нақши ӯ дар пешравию сулҳу субот ва ё ваҳдат меравад, ба ҷуз таҳсин дигар чизеро намешавад ёдовар шуд. Бонувону модарони тоҷик дар тули 29 соли Истиқлолияти кишвар дар ҳифзи он нақши арзандаву бисёр қавъӣ доштанд ва доранд.
Самараи Ваҳдат аст, ки имрӯз донишгоҳҳову донишкадаҳо дар домони худ ҳазорон ҷавондухтаронро ҷамъ овардаанд ва баҳри пешрафти соҳаҳои муҳими ҷомеа мутахассис омода мекунанд. Маҳз занону модарони таҳамулпазиру сулҳпарвару сулҳдӯсти тоҷик буданд, ки дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа, дар лаҳзаҳои басо тақдирсоз сиёсати пешрафтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ намуда, зиндагии осоишта, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро аз хусумат ва ҷангу хунрезӣ болотар донистанд. Ин дастгирӣ барои пойдор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ омили асосӣ гардид. Бонувони модарони мо дар ҷомеаи муттамаддини инсонӣ хамеша нақшу мақоми хосро соҳиб буданд. Таърихи кӯҳанбунёди мо каҳрамониҳои занонеро дар хотир дорад, ки дар шуҷоату ҷасорат на камтар аз мардон буданд, балки ба гунаи модару ҳимоятгар, кадбону ва шаҳбоную сарлашкар ҷонбозиҳо мекарданд. Бо шарофати ваҳдати миллӣ бонувони Тоҷикистон дар ҷомеа мақому мартабаи баландро доро ҳастанд, ки як давру замон ба ин пояҳо расидан барояшон орзуи дерина буд. Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат дар самти ҳимояи ҳуқуқи манфиатҳои занону духтарон тадбирҳои судманд андешидаанд. Духтарону занони Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз ваҳдати миллӣ зери сиёсати созандаи Роҳбари давлат роҳ сӯи бунёдкорӣ, эъҷоду ҳунар ва сомони зиндагии озоду обод устувор қадам ниҳоданд. Бонувон ба ҳайси вакил, сарвар, олим, эъҷодкор ва боз бисёр мақому мартабаҳои баланд фаъолият доранд.
Фармони махсуси Президент кишвар оид ба боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа барои рушду камоли инфиродии бонувон, беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва тарбияи фарзандони шоиста роҳи васетаре кушода, шароити мусоид фароҳам овард, ки дастранҷашон дар тамоми соҳаҳои хаётамон ҳувайдост. Бигзор занону модарони мо ҳамеша баҳри суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ҷонфидоиҳову ғамхории модарону бонувон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ пурарзиш буда, инро ҳамаи онҳое, ки он рӯзҳоро дар ёд доранд, хуб медонанд.