Мизи мудаввар
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ(PDV) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута, сардорони Раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, шарикони рушд дар масъалаи “Банақшагирии тадбирҳои буҷавӣ барои татбиқи сиёсати миллӣ ва қонунгузорӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар баргузор гардид.