Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар-тренинг

30 июни 2021, чоршанбе

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии "Гендер ва тараққиёт" барои кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба омӯзиши дастурамали баргузории фаъолияти таблиғотӣ дар маҳал ҷиҳати тақсимоти боадолатонаи ӯҳдадориҳои хонаводагӣ дар байни аъзоёни оила семинар -тренинг баргузор гардид. Кори семинар 2 рӯз идома ёфта, мақсади он баррасии моҳияти дастури таҳияшуда вобаста ба тарғиби сиёсати гендерӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ аст.

 

Поделиться в