Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

"ҶИЛВАИ РАНГҲО": ҶАШНВОРАИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ВА МУОСИР

01 июли 2021, панҷшанбе

 

Дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид, ки дар он тамоми вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Фестивали "Ҷилваи рангҳо" ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданияти либоспушӣ ва дар ин масир баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, ҷавонон, занону бонувон мебошад.

Дар даври шаҳрии фестивали "Ҷилваи рангҳо» духтарону бонувони касбу кори гуногун, ҷавонон ва кӯдакони хушиқболи пойтахт иштирок карда, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси миллӣ ва муосирро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ ва ҳунари волои рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд.

Баргузории даври ҷумҳуриявии фестивали "Ҷилваи рангҳо" 3-юми июли соли равон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

Поделиться в