Пешгирии зӯроварӣ дар оила
Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд назорати риоя ва ҳимояи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи муҳим дорад. Ба ин мақсад дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон аз тарафи бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ ва ташкилоти чамьиятии "Лочвар" семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" гузаронида шуд.