Идомаи вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Деҳибаланд
Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни суханронӣ аз таваҷҷӯҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди минтақаҳои дурдаст ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки бо файзи Истиқлолияти давлатӣ ва талошу заҳматҳои сокинони сарбаланд ҷамоатҳои дурдасти кишвар низ дар қатори дигар нуқтаҳои кишвар рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодаанд. Гуфта шуд, ки дар посух ба ин ғамхориҳо сокинонро зарур аст, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва оромиву суботи кишвар саҳм гузоранд.