Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ

02 июли 2021, ҷумъа

Ҷиҳати пешгирии сироятии бемории Ковид-19 бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ аксия бо усули “хона” ба “хона”  гузаронида шуд. Ҳамчунин масъулини шуъба корҳои тарғиботиро дар самти назорати риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ доир намуданд.Инчунин чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар ноҳияи Ванҷ низ ба роҳ монда шудааст.

 

Поделиться в