Вохӯриҳо
Кумита дар ҳамкорӣ бо намояндагии Институти “Пажуҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ” вобаста ба пешгирии ифротгароӣ ва терроризми тундгаро, ки зуҳуроти номатлуби замони муосир мебошад, дар шаҳру ноҳияҳои осебпазир бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуд
Мавриди зикр аст, ки оид ба масъалаи болозикр дар шаҳри Конибодом, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз санаи 29 то 1-уми ноябри 2019, бо иштироки фаъолони ҷомеъа ва ҷавонони шаҳру ноҳияи болозикр сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Инчунин аз ҷониби соҳибкори саховатманд як қатор тӯҳфаҳои бачагона ба мактаб - интернат ва кӯдакистони Кӯҳистони Мастчоҳ, хонаи бачагони шаҳри Исфара тақдим карда шуд.