Фестивали "Ҷилваи рангҳо"
Бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳтиром ба либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон доир гардид.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон дар асоси банди 7-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоқҷикистон барои солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардида, дар он тарроҳону дӯзандагон эҷодкорону рассомон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузошта, ҳунари зебоиофарии онҳо тарғибу ташвиқ гардид.
Беҳтарин иштирокчиёни фестивал аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплому сипосномаҳо ва ташаббускороне, ки дар баргузории фестивал саҳмгузорӣ намуданд, бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.