Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гурӯҳои тарғиботӣ

06 июли 2021, сешанбе

Гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов   дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия дар бозори ҶДММ «Ашроф» корҳои фаҳмондадеҳӣ бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ гузарониданд.Дар вохӯрӣ аз ҷониби роҳбари гурӯҳ қайд гардид, ки имрӯзҳо мардуми мо дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногуворӣ бамаломада пандемияи сироятии коронавирус дар изтиробанд. Албатта табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд, аммо мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, ба муқобили ин беморӣ, бо саъю талош яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам мубориза бурда, барои баланд бардоштани масъунияти бадани худ талош варзем. Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва ҳар нафаре, ки вориди ноҳия мегардад, вобаста аст.

 

Поделиться в