Ҳамоиш
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30–юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ҳамоиши дастовардҳои занону ҷавондухтарон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо”-ро дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.