Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мушовара

14 июли 2021, чоршанбе

 

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид.Мақсад аз баргузории мушовара  аз чамъбасти фаъолияти Кумита ва Раёсату шуъбаву бахшҳои он дар шаш моҳи соли 2021 натиҷагирӣ ва нақшаи минбаъдаи фаъолият барои нимсолаи дуюм тарҳрезӣ гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботҳои муовини Раиси Кумита Заррина Абдумаинзода,сардорони Раёсатхои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта шуд.

 

Поделиться в