Нишасти матбуотӣ
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти пурра омода гардида, дар шакли китобча ба намояндагони васоити ахбори омма дастрас гардид.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи баланди сиёсӣ, фазои якдигарфаҳмӣ доир гардид.