Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Кидс Академӣ

17 июли 2021, шанбе

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Беҳзод 14-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кӯдакистони хусусии «Кидс Академӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Кӯдакистони зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Холмурод Розиқов бунёд гардида, дар он тамоми шароити таълиму тарбия муҳайё гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок намуданд. Зимни муаррифӣ изҳор гашт, ки кӯдакистон аз се гуруҳи синну солашон гуногун иборат буда, тамоми шароити зарурӣ дар он фароҳам гардидааст. Дар кўдакистон таълиму тарбия бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, кўдакон дар доираи машғулиятҳои таълимӣ ҳамзамон ба сайру сайёҳат бароварда мешаванд, ки онҳо аз маконҳои зебои шаҳри Душанбе,осорхонаву китобхона ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва боғи ҳайвонот дидан хоҳанд кард. Ин усули таълиму тарбия аллакай дар кӯдакистонҳои хориҷи кишвар амалӣ гардида, дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда мешавад. Дар Кӯдакистон ҳамзамон толори мусиқӣ, толори тасвир ва ошхона барои зиёда аз 70 нафар ҷой дорад. Кӯдакистон дар асоси талаботи имрӯзаи сохтмонӣ ва мутобиқ ба таълиму тарбияи кўдакон дар муҳити мусоид бунёд гардидааст. Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтааст. Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад. Маврид ба зикр аст, ки боғча аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Холмурод Розиқов дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия таъмин карда шудааст.

Поделиться в