Таъзия
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати даргузашти нобаҳангоми хоҳари накўному нексиришташон Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли хонавода, хешу ақрабо ва наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳон аст. Руҳи марҳум шоду манзили охираташон обод бошад.