Мизи мудаввар
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи "Конститутсия-роҳнамои миллат" баргузор гардонид. Дар мизи мудаввари мазкур Ҳусейнзода Хусрав Ҳусейн-ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷуимҳурии Тоҷикистон ва кормандони Кумита иштирок карданд. Муовини якуми Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ М.Л сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, оид ба муҳимияти қонуни мазкур суханронӣ намуданд. Инчунин даъватшудагони мизи мудаввар дар мавзӯи "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намуда, иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат намуданд.