Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Идомаи вохӯриҳо дар ҷамоати шаҳраки Муъминобод

23 июли 2021, ҷумъа

 Бо мақсади татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар ва Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи шаҳраки Муъминобод бо фаъолзанони кӯчаҳои Т.Раҳимов,Чорсуи Ҷамоати шаҳраки Муъминобод вохӯри гузаронида шуд. Дар ҷараёни суханронӣ аз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди минтақаҳои дурдаст ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки бо файзи Истиқлолияти давлатӣ ва талошу заҳматҳои сокинони сарбаланд ҷамоатҳои дурдасти кишвар низ дар қатори дигар нуқтаҳои кишвар рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодаанд.

Поделиться в