Гуруҳҳои корӣ
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сомониён мулоқот бо сокинони деҳаҳои Ӯзбекқишлоқ ва Зарафшони Ҷамоат доир гардид. Дар мулоқоти мазкур оид ба пешгирии интиқол ба пайдоиши сирояти нави коронавирус, сари вақт дарёфт ва ба муолиҷа фаро гирифтани гирифторони сироятии коронавирус, моҳияти таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводҳои хӯрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, истифодаи оқилонаи замини мавҷудаи корам, аз ҷумла қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу анъанаҳои ниёгон миёни наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.