Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифу сарбаланди тоҷик дар мавриди пешгирии бемории сироятии навъи Ковид

24 июли 2021, шанбе

         Ҳамдиёрони азиз, модарону хоҳарони иззатманд, бонувони гиромӣ!

         Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро як вабои даҳшатангезу марговар, бемории сироятии навъи Ковид ё коронавирус ба доми худ кашидааст, ки Тоҷикистони мо низ аз он дар канор нест. Қайд бояд кард, ки дар ин давра дар кишвари мо низ чи қадар корҳои ободонию созандагӣ аз рўи нақшаҳои тарҳрезишуда амалӣ  нагаштанд. Ва ин албатта, мароми созандаи давлату ҷомеа ва оиларо ба таъхир андохта, ба вазъи сиҳатии ҷомеа ҳисорот ба бор овард.

         Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои хирадманду фозил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду соли хуруҷи бемории коронавирус бо мақсади пешгирии сироятшавии аҳолӣ аз ин вабо тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, беморхонаҳою бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо таҷҳизоту маводҳои зарурӣ  муҷаҳҳаз намуд. Вале, новобаста аз ин, бемории сироятӣ ҳамоно дар хуруҷ аст, чунки на ҳар яки мо қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва аз ниқобу маҳлулҳои антисептикӣ истифода мебарем.

         Аз ин рӯ, аз ҳар як сокини Тоҷикистон, минҷумла, занону бонувон бо муроҷиат даъват ба амал меорем, ки дар пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус фаъолона, дастаҷамъона мубориза бурда, дар хона, дар маҳалли зист, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, аз ниқобу маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем ва ба дигарон маслиҳатгару ҳидоятгар бошем. Бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва оила ҳамагонро ба гирифтани сузандору (ваксина) ҷиҳати пешгирии бемории сироятии Ковид даъват менамоем. Зеро солимии ҳар яки мо аз масъулияти худи  мо вобаста аст.

 

Поделиться в