ЗАНОНИ ХОНАШИН БО ҶОИ КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН ШУДАНД
26 июли 2021, душанбе
Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҶТ, Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Мӯъминова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров дар ҷамоати деҳоти "Қалъачаи калон" маркази хизматрасонии "Фатирҳои Гули Сурх" ва ошхонаи "Гули Сурх" мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шарипов Салим бо харҷи 560 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар ин марказ пухтани нонҳои гуногун, фатирҳо, самбӯса ва мурғи танурӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ҳамзамон дар ошхонаи "Гули сурх" ба 17 нафар ятимони кулл ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон Шарипов Салим ва Ҷӯраев Иброҳим дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби роҳбарият туҳфаҳо аз қабили сару либос тақдим карда шуд.
Зимни суҳбат бо кӯдакон раиси шаҳри Истаравшан зикр дошт, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳо истифода мегардад.